Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар маросими имзои қонуни нави таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба раҳбарияти ин кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи сарпечӣ онҳо ба фишорҳои бештари ҷомеаи байнулмилалӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Раисиҷумҳури Амрико пас аз тасвиби ин санад бо таъкид ба зарурати пешгирии густариши нерӯи ҳастаӣ дар ҷаҳон гуфт, «имрӯз ягона кишваре, ки Оҷонси байнулмилалии энержии атомиро дар мавриди сулҳомез будани барномаи ҳастаии худ мутақоид накардааст, давлати Эрон аст».

Вай Теҳронро бо он муттаҳам кард, ки солҳо тааҳҳудоташро зери по карда, қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милалро нодида мегирад ва барномаҳои атомии худро тавсеа медиҳад.

Барак Обама афзуд, «давлати Эрон роҳи беиттиноӣ ва муборизаталабиро интихоб кардааст ва мо барои фишор ба раҳбарияти ин кишвар ба тадриҷ эътилофи густардаи ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардем ва моҳи гузашта шадидтарин ва фарогиртарин таҳримҳои ҷандҷонибаро дар Шӯрои амният ба тасвиб расонидем».

Қонуни ИМА дар бораи таҳримҳо аз қатъномаи Шӯрои амнияти СММ фаротар меравад ва муҷозоти ҳар гуна ширкатҳои хориҷиро, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, дар назар дорад. Ин санад сармоягузорӣ дар бахшҳои нафт ва газ, содироти сӯзишворӣ аз Эронро манъ мекунад.

ИМА бо тасвиби қонуни нави таҳримҳо ҳамчунин қасд дорад, масорифи саноати энержии Эронро боло барад ва бо ин роҳ тавсеаи барномаҳои атомии Теҳронро коҳиш бидиҳад.

Чаҳорум бастаи таҳримҳои СММ бар зидди Эрон

Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон дар ҳоле қабул шуд, ки қаблан Шӯрои амнияти СММ чаҳорумин бастаи таҳримҳо бар зидди Эронро ба тасвиб расонд. 12 кишвар аз 15 узви шӯро аз таҳримоҳи нав пуштибонӣ карданд, вале Бразилия ва Туркия раъйи мухолиф дода, Лубнон аз ширкат дар раъйдиҳӣ худдорӣ кард.

Таҳримҳои нав дар таҳияи Бритониё ва Фаронса ва бо пуштибонии Русияву Чин ба маротиб шадидтар аз таҳримҳои қаблӣ буда, риштаҳои густардаи низомӣ ва молиявиро фаро мегирад. Ин таҳримҳо ба нишони нобоварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хислати осоиштаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон тасвиб шуданд.

Бино ба таҳримҳои нав ҳамаи киштиҳои Эрон барои кашф ва мусодираи маводи мамнӯъ мавриди талошӣ қарор мегиранд ва 40 ниҳоду афроди дигар ба феҳрасте ворид мешаванд, ки сафари онҳо маҳдуд хоҳад гашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG