Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз айборшавандагони ҷосусӣ ба гуноҳаш иқрор кард


Довари федерол дар шаҳри Ню Йорк занеро, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Русия боздошт шудааст, зимни гаравпулӣ аз ҳабс озод кард. Довар гуфт, журналист Викӣ Пелаз, ки зоҳиран ҷосуси тамриндида нест, дар ивази 250 000 доллар гаравпулӣ озод мешавад. Аммо додситонҳо мегӯянд, шавҳари ӯ, Хуан Лазаро, иқрор кардааст, ки барои Русия фаъолият доштааст. Довар ҳукм кард, ки ду айбдоршавандаи дигар, Синтия ва Ричард Мурфӣ бояд дар ҳабс боқӣ бимонанд, зеро кӣ будани онҳо маълум нашудааст. Онҳо дар байни 11 нафаре мебошанд, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷосусӣ ба манфиати Русия айбдор мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG