Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Клинтон ва Янукович дар Киев


Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон имрӯз дар Киев бо раисиҷумҳури Украина, Вкитор Янукович мулоқот мекунад. Киев нахустин истгоҳ дар силсиласафари Клинтон ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Қафқоз аст. Клинтон дар ин ҷо ҳамчунин бо вазири умури хориҷии Украина, Константин Ҳришченко, сарвазири пешин Юлия Тимошенко, сарони расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи маданӣ низ мулоқот хоҳад кард. Сипас, сафари панҷрӯзаи Клинтон дар Лаҳистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG