Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шумори зиёди толибҳо дар вилояти Ҳилманд


Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар як ҳамла ба ноҳияи Боғрони вилояти Ҳилманд "шумори бузурге" аз Толибонро кушта, раҳбари минтақаии онҳоро боздошт кардаанд. Даргириҳо замоне сар шуд, ки нерӯҳои байнулмилалӣ бошишгоҳи ситезаҷӯёнро ба муҳосира гирифтанд. Сарвари толибҳо дар ҳоле асир афтод, ки захмӣ шуда буд. Бино ба як хабари дигар манзили муҳандисон ва коргарон аз Кореяи Ҷанубӣ дар вилояти Парвон ҳадафи мушакборон қарор гирифт, ки талафоти ҷонӣ надошт.
XS
SM
MD
LG