Пайвандҳои дастрасӣ

Як беҳбуд дар кори муҳоҷирон дар Русия


Сар аз якуми июл дар Русия қоидаҳои нави кори муҳоҷирон эътибори қонунӣ пайдо кард. Акнун муҳоҷироне, ки на дар корхона ва муассисаҳо, балки барои ашхоси алоҳидаи Русия кор мекунанд, ба иҷозатномаи кор ниёз надоранд, вале бояд ҳар моҳ дар ивази 1 ҳазор рубл патент гиранд. Ба иттилои блоги "Мардикорнома", барои ин ҳуҷҷати зиёд ҷамъоварӣ кардан лозим нест. Аммо аз он ҷо ки Корти муҳоҷират барои 1 сол дода мешавад, ҳароина муҳоҷирон маҷбуран бо поёни 1 соли кор ба хориҷ аз Русия сафар кунанд ва ҳангоми бозгашт ин санадро ба даст оранд. Қонуни нав кори як қисми муҳоҷиронро осон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG