Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози кори Иттиҳоди гумрукӣ бе ширкати Беларус


Русия ва Қазоқистон бе ширкати Беларус фаъолияти Иттиҳоди гумрукиро оғоз карданд. Сарвазири Русия, Владимир Путин, дар ҷаласаи ҳукуматаш дар Маскав гуфт, Беларус метавонад дар ҳар лаҳзаи дилхоҳ ба иттиҳод ҳамроҳ шавад. Беларус ҳанӯз созишномаҳои марбут ба таъсиси иттиҳодро тасвиб накардааст ва гуфтааст, онҳоро дар сурате хоҳад пазируфт, ки Русия боҷи содиротии нафтро лағв намояд. Иттиҳоди гумрукӣ дар байни се кишвар бо мақсади густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG