Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса Эронро аз "роҳи ғалат" ҳушдор медиҳад


Вазорати умури хориҷии Фаронса мегӯяд, паёми ҳукумати Эрон, ки таҳримҳои нави Созмони Милал ба барномаи ҳастаияш таъсире нахоҳад дошт, баёнгари он аст, ки Теҳрон ба роҳи ғалате меравад. Ин изҳороти Порис замоне садо дод, ки вазири умури берунаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, таҳримҳои ахир ба барномаи ҳастаии Эрон асар нахоҳад кард. Моҳи гузашта Шӯрои Амният бастаи чаҳорум ва шадидтари таҳримҳоро ҷорӣ кард, ки бар пояи онҳо бисёре аз кишварҳо таҳримҳои худро эълон карданд.
XS
SM
MD
LG