Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил 1 сарбозашро ба 1000 фаластинӣ иваз мекунад


Сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу, гуфт, вай омодааст, дар ивази раҳоии сарбози исроилӣ Ҷилад Шалит аз асорати гурӯҳи тундрави Ҳамос 1000 маҳбуси фаластиниро озод кунад. Дар як паёми телевизионӣ, Нетаняҳу ду шарти ин табодуларо эълон кард. Вай гуфт, нахуст, "террористҳои ашадӣ" озод нахоҳанд шуд ва дувум, бархе аз маҳбусони собиқ ҳаққи бозгашт ба Каронаи бохтариро нахоҳанд дошт, балки бояд ба Ғазза фиристода шаванд. Ҷунбиши Ҳамос, ки Ғаззаро таҳти назорат дорад, қаблан низ ҳарду шарти Нетаняҳуро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG