Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зардолуи зарду ҷигарой бирёнум, 28 сол шуд дар бача хонабонум, Бачам биёя, бишкана ормонум, Ду чашм пури об, дидаи гирёнум.

Ин рубоии машҳур, ки тӯли қарнҳо ифшогари ғаму андуҳи занону модарони тоҷик ба ёди гумкардагон будааст, имрӯз аз забони як модари афгордили тоҷик Анварой Ҷаббороваи 78-сола, сокини ноҳияи Рудакӣ, шунида мешавад ва сангидилтарин одам низ беихтиёр ҳамроҳи ӯ ашк мерезад.

Холаи Анварой мегӯяд, 28 сол ба ин сӯ писари худ Рустам Ҷабборовро ҷустуҷӯ мекард. Рустам Ҷабборов солҳои 1984-1986 дар вилояти Хабаровски Русия хидмати ҳарбиро ба ҷо оварда ба хона бармегардад ва баъди ду моҳи меҳмонӣ дар назди пайвандон, бино ба қавлу қасами додааш ба як русдухтар, ки ба ӯ ваъдаи арӯсиро дода буд, бозпас мегардад.

Як ё ду соли аввал гоҳ-гоҳе ба модараш нома менавишт ва баъдан беному нишон ғайб зад. Ва тайи 26 сол модар аз Рустам ягон нишоне ё хабаре пайдо накард. Ҷӯстуҷӯ ва пурсупосҳои чандинсола натиҷа надод. Хешутабор борҳо ҷамъ омада мехостанд модарро мутмаин созанд, ки Рустам зинда нест ва бо овардани чунин мақоли машҳур, ки «аз Ҳиндустон хабару аз гӯристо не», мехостанд хотири холаи Анваройро ҷамъ кунанд ва оши худоии Рустамро бидиҳанду вазифаи худро дар назди Худо ва шариат иҷро кунанд. Вале модар ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешуд. Вай мегуфт, дилаш гувоҳӣ медиҳад, ки Рустамаш зинда аст.

Чунки ӯ дар хобҳояш мисли зинда медарояд ва ҳамеша ваъдаи бозгашт медиҳад. Холаи Анварой бошад ба навбати худ, пайвандонашро бо ин нукта мутмаин мекард, ки ӯ умри дароз дидаву таҷрибаи зиндагӣ андухтааст ва медонад, ки мурдаро дигар хел хоб мебинанд. Ва мегуфт, Худо меҳрубон аст ва ғами дили афгори ӯро мехураду як рӯз не як рӯз Рустами у низ, мисли Юсуфи гумгаштаи ҳазрати Ёқуб пайдо мегардад ва дидагонашро бо бӯйи пироҳанаш марҳам бахшида мунаввар мегардонад.

Вақте филми пуровозаи Юсуф-паёмбарро мардуми Точикистон тамошо мекарданд, холаи Анварой, баробари падари Юсуф ашк мерехту мегуфт, «Юсуфи ту пайдо гашту аз ман не».

Падари Рустам дар ғами писар ғамбемор шудаву баъди 3 соли бемории шадид бо номи гумкардааш дар лаб ва чашм ҷониби дар аз дунё даргузашт.

Ва инак чуноне худи холаи Анварой мегӯяд, раҳми парвардигор омад ва муъҷиза сар сад. Паёме баъди 28 сол аз Рустам ба модар расид.
Ҷавоне бо номи Нуриддин, сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки солҳост ҳамчун муҳоҷири корӣ ба Русия рафтуой дорад, барои модари ҷигарсухта дар фироқи фарзанд, паёме овард, ки вуҷуди модарро такон дод, ҳуш аз сараш парид ва ҷисми афгору нимҷонаш афтод рӯйи дастони қосиди ин хушхабар.

Соате баъди такудавҳои пайвандон ва кумаки табибон холаи Анварой ба худ омад ва баробари кушодани чашм, бо ашки равон сару рӯйи Нуриддинро бо панҷаҳои ларзон мепалмосид ва мепурсид: «Бачам, рост мегӯӣ? Фиребам намекунӣ?» Қосид, ки тавони нигаҳ доштани зимоми ашкро надошт, танҳо сар меҷунбонду халос.

Ва вақте ман баъди 20 рӯзи ин ҳодиса бо Нуриддин дар тамос шудам, мегӯфт, ҳануз ба худ наомадааст ва он манзара аз пеши назараш дур намеравад. Ин ҳодиса ӯро сари ин маънӣ, ки ягон меҳре ва ягон садоқате наметавонад баробар ба меҳру садоқати модар ба фарзанд бошад ва ё ҷойгузини он бошад, мутмаинтар кардааст. Ва Нуриддин, қосиди ин хушхабар, гуфт, фикр мекунад, ки ӯ дар тӯли умри 30-солаи худ, нахустин кори савобе, ки кардааст, ҳамин будааст, ки хабари зинда будани ҷигаргӯшаи модареро ба вай расонидааст.

Инак қариб як моҳ мешавад, ки холаи Анварой дар кулбаи фақиронааш меҳмондорӣ мекунад. Хешу ақрабо, дӯсту ошноҳо аз дуру наздик ба муборакбодиаш меоянд. Роҳравии ӯ ва садояш мисли пешина хаставу нимҷон нест. Нури кайҳо ҳамроҳи ашк чашмонашро таркгуфта, бозпас гаштааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, мӯъҷизаи дигар барояшон ин будааст, ки қомати солҳо хамидаву ба қавли шоирон заминбӯси вай майл ба боло кардааст. Садояш қувват гирифтааст.

То ҷое, ки ман ин тақдирро пайгирӣ кардам, бароям рушан гашт, ки тӯли ин солҳо Рустам на бо майлу хоҳиши худ, балки бо айби вазъият ва ё мушкили ба сараш омада, аз худ дарак надодааст. Рустам ба доми кадом як гуруҳи мафиозӣ афтодааст, ки ҳуҷҷатҳояшро аз ӯ рабуда, худи ӯро ҳамчун ғулом кор фармудааст. Мушкилоти ғуломӣ Рустамро дар гирдоби худ ончунон печонида, ҳамроҳи ҳуҷҷатҳояш умеди зиндагии шоиста ва бозгаштро ба ватан низ, аз ӯ рабудааст. Вай аз дасти ин гурӯҳи мафиозӣ бо кумаки чанде хайрхоҳон ҷон ба саломат бурдаву дар ҷангалҳои дурдасти Сибир тули ин солҳо панаҳ бурдааст. То андозае саломатиашро аз даст додааст.

Ва ҳоло ӯ дар деҳаи Партизанскаяи ноҳияи Хабаровски вилояти Хабаровски Русия бе ягон асноди шаҳрвандӣ зиндагӣ дорад. Имрӯзҳои Рустам тариқи телефон садои модарро мешунавад ва мисли кӯдак ашк мерезад. Агарчӣ бо забони модариаш бо мушкил ҳарф мезанад, вале ба такрор мегӯяд. «Очаҷон, ёдат кардаам, мехоҳам бубинамат».

Ва ҳоло, ки модар муждаи зиндаву саломат будани Рустамашро дораду ба пулҳои пасандозкардааш чанд суми дигари хешу табор шодиёна овардаро ҳамроҳ карда як моле харида барои маъракаи дидори Рустам гузоштааст, вале аз суйи дигар фақру нодорӣ дар пеши роҳаш симхор кашидааст ва наметавонад асноди шаҳрварди дуруст кунад ва Рустамашро баргардонад. Ӯ мегӯяд, имрӯзҳо хӯру хобро куллан фаромуш кардаву худро дар биёбони тафсону беобе мебинад, ки косаи обро аз дур нишонаш додаанд, вале намегузорад, ки бинушаду ташнагии чандисолаи гулусузашро бишканад.

Холаи Анварой мегӯяд, барномахои дӯстдоштааш «Жди меня»-и шабакаи аввали телевизиони Русия ва барномаи «Садои ҳамватан»-и раиои Озодист, ки тӯли ин солҳо ба умеди пайдо кардани нишоне аз гумкардааш, онҳоро гӯш мекунад. Хоҳарон ҳануз 10 соли пеш ба барномаи «Жди меня» аксу ҳолномаи Рустамро фиристода будаанд, аммо ин барномаи пуровозаву пуримконият низ, армони модарро пиёда карда натавонистааст.

Ман дар рӯ ба рӯи холаи Анварой қарор гирифтаву ҳарфҳояшро гӯш мекунам, ҳарчанд дидани шоридани оби дидагонаш аз барҳои рӯйи ожанбастааш бароям осон нест. Ва ӯ оби чашмонашро пок кардаву гуфт, «духтарам, медонӣ, ин ғами хонасӯхта одама шоир ҳам мекардааст. Мане, ки дар умрам мактаб нахондаам,13-сола ба шавҳарам додаанду як умр кори саҳрову хона кардаам, чӣ гуна ин мисраъҳо ба забонам меоянд, худам намедонам» ва мехонад:

«Оҳ, бачаи гулсувори гулмайдонум,
Оҳ, бачаи мусофири саргардонум.
Рӯзе, ки шава, бача шава меҳмонум,
Сар дар бағалуш монум, буроя ҷонум.
Бачаи худум мири дарай «Севоҳай»,
Ай бобати модаруш кампарвоҳай,
Худои карим бача, бачадорут куна,
Ай ҳоли дили зорум хабардорут куна».


Инак аз рӯзе, ки холаи Анварой суроғи мо - кормандони радиои Озодиро пайдо ва ҳолномаи худу гумкардаашро бо мо дар миён гузоштааст, қариб ҳаррӯз рӯз ба мо занг мезанад ва бо садои ашколуда изҳори умедворӣ мекунад, ки ин барномаҳои мо, пуле дар роҳи дарози миёни ӯву ҷигаргӯшааш ва чандин модарони дигари чамшми умедворидӯхта дар роҳи гумкардагонашон мегардад.

Холаи Анварой ба сафорати Тоҷикистон дар Русия ва хадамоти муҳоҷират низ рӯйи ниёз дорад, ки ба додаш мерасанд ва дар ин кори хайр истиҳола намекунанд, яъне дар гирифтани шиноснома ва бозгашт ба назди модар ба ӯ кӯмак мекунанд. Аз ӯ бошад, як каф дуо болои ҷойнамози ин модари афгордил дар ғами фарзанд, дар ҳаққи гузаштагони онҳо арзонӣ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG