Пайвандҳои дастрасӣ

Коморовскӣ ва Качинскӣ баҳси телевизионӣ анҷом доданд


Дар Лаҳистон қабл аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ охирин баҳси телевизионӣ миёни довталабон – раиси Сейм Бронислав Коморовскӣ ва раҳбари мухолифин Ярослав Качинскӣ баргузор шуд. Дар даври аввали интихобот Коморовскӣ назар ба Качинскӣ тақрибан панҷ дар сад бештар райъҳоро соҳиб шуда буд. Даври дуввум рӯзи 4 июл доир мешавад.
Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Лаҳистон баъд аз ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качинскӣ, бародари довталаби феълӣ Ярослав Качинскӣ, бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия таъин карда шуд. Ин фоҷиа 10 апрел ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз Лех Качинскӣ ва ҳамсараш Мария, боз даҳҳо ходимони давлативу вакилони парлумон ва донишмандону хабарнигорони лаҳистонӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG