Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти махфии Исроил ва Туркия


Ҳайатҳои Исроил ва Туркия ба хотири эътидоли равобит миёни ду кишвар музокироти махфӣ анҷом доданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, гуфтушуниди вазири умури хориҷаи Туркия Аҳмад Довудоғлу ва вазири тиҷорати Исроил Бен Элиезер дар як шаҳри аврупоӣ сурат гирифтааст. Хабаргузории Франс-пресс навиштааст, ки вазири умури хориҷии Туркия барои маъзаратхоҳии Исроил дар робита ба ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба корвони киштиҳо бо кумаки башарӣ барои навори Ғаза пойфишорӣ дорад. 31 май корвони киштиҳо талош кард, ки муҳосираи дарёии Ғаза аз сӯи Исроилро шиканад ва аммо низомиёни исроилӣ ба ин монеъ шуданд. Дар бархурди болои киштӣ 9 ҳомии ҳуқуқи башари пуштибон аз Фаластин кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрвандони Туркия буданд. Ин ҳодиса боиси бӯҳрони ҷиддӣ дар равобити миёни Туркия ва Исроил шуд.
Ба иттилоъи хабаргузорӣ, вазирон ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи музокирот фақат ба раҳбарони ҳукуматҳои худ иттилоъ диҳанд ва бори дигар, ҳамин гуна, махфӣ бо ҳам мулоқот кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG