Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Қибрис ҷосуси русро меҷӯяд


Полиси ҷазираи Қибрис ба ҷустуҷӯи Кристофер Метсос, яке аз 11 шаҳрванди дар ҷосусӣ алайҳи Амрико гумонбари Русия, шурӯъ кард. Метсос рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи шаҳри Ларнака боздошт шуд ва аммо додгоҳ бо кафолатпулӣ ба маблағи 32 ҳазор доллар, ӯро то шурӯъи баррасии мавзӯъи истирдодаш ба Амрико, озод кард. Ҳангоми боздошт кормандони полис шиносномаи Метсосро гирифтанд. Тибқи ҳукми додгоҳ, шаҳрванди Русия бояд ҳар рӯз худро дар полиси шаҳри Ларнака сабти ном мекард ва аммо ӯ рӯзи чаҳоршанбе ба идораи полис ҳозир нашуд.
Мавзӯъи ғайб задани ҷосуси эҳтимолии Русия имрӯз дар мулоқоти раисиҷумҳури Қибрис Деметрис Кристофиас ва сафири Амрико дар ин кишвар Франк Урбанчичай баррасӣ мешавад.
Рӯзи душанбе мақомоти ИМА дар бораи боздошти даҳ нафаре хабар доданд, ки дар ҷосусӣ ба нафъи Русия гумонбар мешаванд.
XS
SM
MD
LG