Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Итолиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии гуштигирон бо номи «Гран-при Сассари» дар Итолиё ду медал ба даст оварданд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Сассарии Итолиё дар риштаҳои гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ ва гуштии занона баргузор шуд.

Дилбар Камоловаи душанбегӣ дар сабқати занон дар вазни то 59 килограмм ғалаба кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай нахуст бар намояндаи Итолиё, баъдан бар варзишгари Фаронса ғолиб омад ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ҳалкунанда Дилбар Камолова бар рақибаш Марш Катрин, аз Шотландия, пирӯз гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҳабибуллоҳ Абдуллоев дар сабқати мардон оид ба гуштии юнониву румӣ дар вазни то 96 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG