Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук «Moscov Open-2010» дар шаҳри Маскави Русия медали тилло ба даст овард.

Вай ин дафъа гурзро ба дурии 78 метру 57 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро касб кард.

Сергей Литвинов, аз Олмон, бо натиҷаи 77 метру 10 сантиметр дуввум шуд. Алексей Загорнии русиягӣ бо натиҷаи 75 метру 77 сантиметр дар ҷои севум қарор гирифт.

Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 2-юми июл дар шаҳри Мадриди Испониё баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG