Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамъияти саҳҳомии «НБО Роғун» хостори баррасии фаъолиятҳои молии худ дар ду соли гузашта шудааст. Аз чанд ширкати байналмилалӣ дархост шудааст, ки дар музояда барои аудити муҳосиботи ин ҷамъияти саҳҳомӣ ширкат кунанд. Ширкатҳои аудитӣ фурсат доранд то рӯзи 20-уми июл дархости худро ироа кунанд.

Ҷамшед Шерматов, сарпарасти Оҷонси коғазҳои қимматноки Вазорати молияи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз баргузории аудит таъмини шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷа дар солҳои 2008-2009 аз сӯи ҷамъияти саҳҳомии Роғун мебошад.

Қарор аст ин озмун миёни чаҳор ширкати бузург ва маъруфи бозрасони байналмилалӣ, аз ҷумла ширкатҳои «PricewaterhouseCoopers», «Deloitte Touche Tohmatsu», «Ernst & Young» ва «KPMG» баргузор карда шавад. Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои алоқаманд ба гузаронидани аудит дар ин озмун бояд дар зарфи 20 рӯзи оянда дархост пешниҳод кунанд.

Ва ширкати пирӯз бояд фаъолияти молии ширкати “Нерӯгоҳи Роғун” дар ду соли гузаштаро бозрасӣ кунад. Дар ин солҳо аз буҷаи Тоҷикистон барои азсаргирии сохтмони ин нерӯгоҳ ҳамасола то сад миллион доллар маблағ ихтисос дода шуда буд.

Интизориҳо аз аудити "НБО Роғун"

Таҳлилгарони масоили иқтисодӣ мегӯянд, агар ҷараёни бозрасӣ ва маълумотгузории ҳамаҷонибаи ҷамъияти саҳҳомии Роғун ба ширкати аудитӣ шаффоф сурат гирад, ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи минбаъдаи сохтмони Роғун ба пешравӣ ноил хоҳад гашт.

Ба қавли Давлат Усмон, коршиносни мустақили масоили иқтисод, ҳарчанд бозрасии фаъолияти дусолаи ширкати Роғун ба маблағҳое, ки аз тарафи мардуми Тоҷикистон ҷамъ оварда шудааст, ки ҳаҷми онро баробар ба як миллиард сомонӣ медонанд, дахл надорад, вале муҳимтар аз ҳама эътимоди мардум бештар хоҳад шуд. Яъне истифода аз маблағи саҳмияҳои ин нерӯгоҳ, ки аз аввали соли ҷорӣ ба фурӯш гузошта шуд, мавриди аудит қарор қарор дода намешавад.

Ба ин тартиб ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» дар ҳоле барои фаъолияти дусолаи худ музояда эълон кардааст, ки маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ аз тарафи коршиносни Бонки ҷаҳонӣ мавриди бозрасии фаннӣ ва экологӣ қарор дорад ва ҳануз ҳукумати Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ оғоз накардааст.

Ба қавли иқтисоддони тоҷик Давлатназар Ҷумъаев, дар чунин шароите, ки кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ интизори натиҷаи кори коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳастанд, чигунагии натиҷаи аудити фаъолияти дусолаи молияи «Нерӯгоҳи Роғун» низ дар амри сохтмони ин нерӯгоҳ нақши муҳим мебозад.

Омодагиҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ

Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои сохтмонӣ амалан ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз накардаанд ва қавли муҳандисони ин нерӯгоҳ, ҳоло корҳои барқарорсозӣ идома дорад.

Ахиран ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки корхонаи давлатии «Электротяжмаш» - тавлидкунандаи мошинолоти сангин дар Украина ба сохтани ду турбинаи пуриқтидор барои нерӯгоҳи Роғун шурӯъ кардааст. Нахустин турбина то поёни соли 2011 сохта ва вориди Тоҷикистон мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи ин корхона, ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сохтани ин турбинаҳо ҳанӯз моҳи марти соли ҷорӣ шартнома бастааст ва ин корхона дар навбати худ ваъда додааст, ки яке аз ин турбинаҳоро то охири соли 2011 ва дигареро то охири соли 2012 сохта ба Тоҷикистон ирсол хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG