Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти назорат бар маводи мухаддири Русия баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Афғонистон дар парвариш ва тавлиди маводи мухаддир аз Марокко пешӣ гирифта, дар мақоми аввал қарор дорад. Ва ин ҳол мояи нигаронии Русия ва кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон аст.

Ин мавзӯъ ва ҳамчунон масъалаи ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба минтақа фардо дар иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо маводи мухаддири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Виктор Иванов дар ин замина ба зарурати тақвияти ҳифозат аз марзҳо таъкид кард. Иванов, қаблан чандин навбат иброз дошта буд, ки марзбонони Русия бояд дубора ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бар ӯҳда бигиранд.

Ӯ мегӯяд, дар мавриди бозгашти нерӯҳои русӣ ба марзҳои Тоҷикистон гуфтушуниди фаъоле пеш бурда намешавад, аммо ин ба салоҳияти ҳукуматҳои ду кишвар дахл дорад. Вале чизе, ки маълум аст, ин аст, мегӯяд оқои Иванов, ки марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ба тақвити бештаре ниёз доранд.

Дар мулоқоти мазкур, ба сурати умум, наҳваи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳамоҳангии талошҳои ду ҷониб дар ростои ҷилавгирӣ аз қочоқи он баррасӣ шудааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG