Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, ширкат накардани мухолифини собиқ дар он, муносибати Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистон, аудити Талко ва коршарикони он ва пайомади афзоиши қиммати маводи сӯхт барои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии матбуоти ин ҳафтаи Тоҷикистон мебошад.

«Миллат» дар матлабе таҳти унвони «Сулҳ ё ғалаба, ё сездаҳумин ҷашни таслими Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик?» аз қавли коршиносон менависад, азбаски дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷониби мухолифини собиқ ширкат надорад, ҷашн нокомил аст ва аз сӯи дигар, ин амр ба маънои комилан мунҳал шудани собиқ мухолифин мебошад. Нашрия навиштааст, ба ин шева баргузории ҷашн арзиши онро хоҳад кост.

«Фараж» дар матлабе таҳти унвони «Кидат»-и Хоруғ менависад, аксар нафароне, ки дар сулҳи миёни тоҷикон ҳисса гузошта буданд, ба ҷашни Ваҳдат дар Хоруғ даъват нашуданд. Нашрия менависад, ин амал заъфи нерӯҳои сиёсии дигар ва ҳизбҳои сиёсии кишвар аст ва вақти истеъфои раҳбарони ин ҳизбҳо расидааст, фақат марде намерасад, ки бигӯяд, мардак барин истеъфо диҳед.

«Азия Плюс» дар матлабе таҳти унвони «Суолҳои бепосух» суол мегузорад, ки ҳар сол ҳукумати Тоҷикистон бо кӣ сулҳ мекунад, дар ҳоле ки ҷониби мухолифи сулҳ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ даъват намешавад. Нашрия навиштааст, ҳатто афроде, ки аз ҷониби ҳукумату оппозитсион музокиротро бурда буданду барҳаёт ҳастанд, ба ин ҷашн даъват намешаванд. Суоли дигари нашрия ҳам ин аст, ки дар чунин ҳол омӯхтани кадом «таҷрибаи тоҷикӣ»-ро Тоҷикистон ба ҷомиаи ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад?

Дар матлаби дигаре «Азия - плюс» «Агар бо дӯст ба роҳ баромадӣ, роҳ осон мешавад?» равобити Тоҷикистону Русия бо Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон ва Андрей Нестеренко, мудири Раёсати иттилоъ ва матбуоти вазорати корҳои хориҷаи Русия баҳс шудааст.

Ҳамсӯҳбатони нашрия дар бораи миллатгароёни рус, изҳороти мақмоти ин кишвар дар робита бо маризии фалаҷи кӯдак, пойгоҳи низомии 201 ва дигар баҳсҳои миёни ду кишвар сӯҳбат кардаанд ва умедворӣ кардаанд, ки ин баҳсҳо ба равобити ҳасанаи ду кишвар таъсири манфӣ намерасонанд.

«Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Ҳиллаҳои сиёсатбозон ё чӣ ва кӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва давлатдории миллиро ба хатар мувоҷеҳ кардааст?» менависад, хатарзо ба давлатдории тоҷикон реша дар хориҷи кишвар, дақиқан Ӯзбакистону Русия доранд. Муаллиф навиштааст, ҳукумати Раҳмонро мебояд аз зеҳнҳои парвардаи донишиёни варзида кор гирад ва чунинҳоро наметавон дар маҳдудаи як маҳал ва як ҳавза пайдо кард.

“Пайкон» дар матлабе ҷазираҳои Вирҷинияи Британияро ҷазираи тоҷикон номидааст, зеро ширкатҳои офшории CDH, «Талко — менеҷмент», «Талко — сервис» ва Innovated Road Solutions, ки фаъолияти «пасипардагӣ» ва ё ношаффофро интихоб кардаанд, дар ин ҷо сабти ном шудаанд. Нашрия менависад, эҳтимол дорад ин ҳама ширкатҳоро тоҷике сарварӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон пуштибонӣ қавӣ дорад.

Ҳамчунон нашрия мусоҳибаи Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро нашр кардааст, ки далели дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ширкат накарданашро баркандани ҳайкали 9 — тоннагии Ленин дар Хоруғ номидааст. Оқои Шабдолов гуфтааст, агар шарти ҷашни Ваҳдат ҳамин бошад, дар он ширкат нахоҳем кард».

«Тоҷикистон» бо матраҳ кардани суоли «Оё имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ пойдор гардидааст?» як назарпурсӣ гузарондааст. 69 дарсади пурсидашудагон посухи мусбат, 16 дарсад манфӣ посух додаанд. 14 дарсад гуфтаанд, ки чизе гуфта наметавонанд.

Дар матлаби дигар «Тоҷикистон» ба мавзӯъи истироҳати мардуми Тоҷикистон пардохта навиштааст, қимати баланди истироҳатгоҳҳои кишвар ба мардум имкони истироҳатро намедиҳад ва курортҳо дар нархгузорӣ рекорд заданианд. Қимати 12 рӯзи истироҳат дар истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон аз 530 то 1 500 сомонӣ баробар аст, дар ҳоле ки музди миёнаи меҳнат расман 270 сомонӣ ва сабади истеъмолӣ 170 сомонӣ муайян шудааст.

«Озодагон» дар матлабе таҳти унвони «Рақобат барои нафту гази тоҷикӣ» менависад, бо он вуҷуд ки захираҳои нафту гази Тоҷикистон зиёд нестанд, ширкатҳои Амрикову Русия барои аз худ карданашон омадаанд. Муаллифи матлаб суол мегузорад, ки вақте ин захираҳоро ширкатҳои хориҷӣ кор карда, боз ба худи кишвар мефурӯшанд, Тоҷикистон чӣ тавр ба истиқлолияти энержӣ мерасад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG