Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи нави нерӯҳои Амрико дар Афғонистон


Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико номзадии генерал Дейвид Петреусро дар мақоми фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон тасдиқ кард. Петреус дар ин мақом генерал Стенлӣ Маккристалро иваз кард, ки пас аз баёнияҳои танқидияш ба унвони сарони Иёлоти Муттаҳида аз вазифа барканор шуд.

Дейвид Петреус, зимни сарсуханаш дар Сенат гуфт, ки қоидаҳои маҳдудкунандаи анҷоми амалиёти низомиро бознигарӣ хоҳад кард. Ин қоидаҳо баъд аз танқидҳои шадид роҷеъ ба афзоиши талафоти аҳолии мулкии Афғонистон, ҷорӣ шудаанд.

Петреус: Таъғири зудҳангомро мунтазир набошед

Дар баёнияи Барак Обама ки баъд аз тасвиби номзадии Петреус ба нашр расид, раисиҷумҳур изҳори боварӣ намудааст, ба зуддӣ ҳал шудани ин масала дар Сенат ва таҷрибаи беназири Петреус муваффақияти стратегияи Амрикоро дар Афғонистон тазмин мекунад.

Қабл аз таъин шудан ба ин мақом, генерал Петреус фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои Амрико буд.

Ҳушдори вазири дифоъи Британия

Лиам Фокс, вазири дифоъи Британия, ки дар чаҳорчуби сафари расмиаш дар Вошингтон ба сар мебарад, Петреусро пешвои боистеъдод номида аз афзоиши талафот миёни аҳолии осоиштаи Афғонситон ҳушдор дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳамчун ёдоварӣ дар бораи ҷангҳои шадид дар оянда ҷангиёни толибон дирӯз фурудгоҳи низомиро дар шарқи кишвар мавриди ҳамлаи худ қарор доданд. Дар натиҷаи ин ҳамла ба фурудгоҳе, ки аз ҷониби НАТО истифода мешуд, чанд тан аз ҳамлагарон кушта ва ду сарбоз захмӣ шудаанд.

Дархости Амрико аз ҳукумати Карзай

Ин дар ҳолест, ки Эрик Ҳолдер додситони кулли Амрико, ки аз Афғонистон боздид мекунад, дирӯз кӯшишҳои ҳукумати он кишварро барои истиқрори ҳокимияти қонун ситоиш намуда, ҳамзамон ҳушдор дод, ки ҳоло корҳои зиёд дар пеш аст.

Ӯ гуфт: “Мо дар Вошингтон бо таваҷҷӯҳи бузург, гомҳои мусбати президент Карзай ва ҳукуматашро дар самти беҳбуди ҳукуматдорӣ ва истиқрори ҳокимияти қонун пайгирӣ мекунем. Мо ба талошҳои президент Карзай кафкубӣ мекунем ва аз ӯ даъват дорем, ки барои ба итмом расонидани корҳои зарурӣ ба талошҳояш идома диҳад.”

Ҳолдер афзуд, ки Вошингтон алоқаманди идомаи ҳамкориҳо бо Афғонистон боқӣ мемонад ва мехоҳад мутмаъин шавад, ки ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар ба низоми мунсифона, шафоф ва шоистаи ҳуқуқӣ дастрасӣ хоҳанд дошт.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон даъват намудааст, то ба мубориза алайҳи фасод ранги сиёсӣ набахшанд. Сафари Ҳолдер ба Афғонистон дар ҳоле рост омадааст, ки танишҳо миёни Вошингтону Кобул дар мавриди муқобила ба фасоди фарогир афзоиш меебад.

Баҳси сафир ва додситони Афғонистон

Генерал Муҳаммад Исҳоқ Алако, додситони кулли Афғонистон гуфтааст, Карл Экенберри сафири Амрико дар Кобул ба вай фишор оварда буд, то бар зидди мақомдорони аршади кишвар дар робита ба фасод парвандаҳои ҷиноӣ боз кунад.

Филип Кровли, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар ин бора гуфт: “Ман дар мавриди баёниҳои мушаххаси додситони кулли Афғонистон ва сафири Амрико тафсилоте доданӣ нестам. Танҳо гуфтаниам, ки сафир ба кори муҳимаш бо ҳукумати Афғонистон идома медиҳад. Вай мехоҳад ҳукумати Афғонистонро ангеза диҳад, ки тамоми кӯшишҳояшро ба харҷ супорад. На ба хотири он ки мо инро аз онҳо мехоҳем, балки ба хотири он ки мардум бояд бубинанд, ки ин ҳукумат фасодро решакан хоҳад кард”.

Дар робита ба сафари Эрик Ҳолдер Кровли афзуд ки вазорати адлия дар таҳкими ҳокимияти қонун дар Афғонистон саҳми бузург дорад ва ҳукумати Кобул ба мардумаш бояд намоиш диҳад, ки ҳамаи нишонаҳои фасод аз роҳи қонунӣ аз байн бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG