Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама қонуни таҳримҳои нави зидди Эронро имзо мекунад


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз қонуни эъмоли таҳримҳои нав ва сахттари зидди Эронро имзо мекунад, ки Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва воридоти газу дигар маводи сӯхтро ҳадаф қарор медиҳад. Тарҳи ин қонунгузориро ҳафтаи гузашта ҳарду палатаи порлумони Амрико ба тасивб расонданд. Он бар пояи Қатъномаи нави Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳия гаштааст, ки бастаи чаҳорум ва шадидтарини таҳримҳои зидди Эронро ҷорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG