Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Силсиласафари Ҳилларӣ Клинтон ба 5 кишвар


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ба кишварҳои шӯравии собиқ сафар мекунад. Вай аввал дар Киев бо раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ва дигар мақомоти ин кишвар мулоқот хоҳад кард. Гуфта мешавад, яке аз мавзӯъҳои сӯҳбат ваъдаи Украина дар нишасти сарон рӯи масъалаҳои ҳастаӣ аввали имсол дар Вашингтон аст ва Киев гуфтааст, ҳамаи урани ғанишудаи худро маҳв хоҳад кард. Сафари панҷрӯзаи Клинтон сипас дар Лаҳистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG