Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси 11-уми Русия фирор кардааст


Яке аз 11 гумонбаршудагони ҷосусӣ дар Амрико ба манфиати Русия, ки бо пардохти гаравпулӣ аз маҳбаси Қибрис озод шуда буд, ғайб задааст. Рӯзи душанбе Иёлоти Муттаҳида аз боздошти 10 нафаре хабар дод, ки як даҳсола ба ин сӯ дар қаламрави Амрико зиста, барои Маскав ҷосусӣ мекарданд. Нафари 11-уми ин шабака рӯзи сешанбе дар Қибрис боздошт шуда буд. Маскав ва Вашингтон талош доранд, то қазия ба равобити рӯ ба беҳбуди ду тараф халал ворид накунад.
XS
SM
MD
LG