Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади пешниҳодии Меркел президенти Олмон шуд


Танҳо дар даври савуми раъйдиҳӣ номзади пешниҳодии сарвазири Олмон Ангела Меркел бо номи Кристиан Вулф раисиҷумҳури Олмон интихоб шуд. Дар ду даври аввал Вулф натавонист пуштибонии вакилони узви эътилофро ба даст орад. Аммо дар даври савум барои ӯ ҳимояти аксарияти одӣ кофӣ буд. Интихобот дар маҷлиси қонунгузори федероли Олмон баргузор гашт, ки 1 244 узв дорад. Раёсатҷумҳурӣ дар Олмон як вазифаи асосан ташрифотӣ ва рамзист, аммо ин интихобот як имтиҳони нерӯи ҳукумати Меркел буд, ки аз пайванди марказ ва ростгароён таркиб ёфтааст.
XS
SM
MD
LG