Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Камбоҷа ба зукоми хук мубтало шудааст


Ҳан Сен, нахуствазир ва панҷ мақоми расмии ҳукумати Камбоҷа, ба бемории зукоми хук гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи Ман Бунҳенг, вазири беҳдошт, нахуствазири Камбоҷа табобат мешавад ва шифо меёбад. Ҳамаи аъзои ҳукумат зоҳиран дар нишасти худ дар рӯзи ҷумъаи гузашта ба зукоми хук гирифтор шудаанд. Дар миёни беморон муовини нахуствазири Камбоҷа ҳам будааст. Дар ин кишвар аз моҳи июни соли гузашта то кунун 600 нафар ба зукоми хук мубтало шудаанд ва шаш нафар ҳам аз ин беморӣ фавтидааст.
XS
SM
MD
LG