Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Абдулло Назаров доир ба низоъи Қирғизистон


Абдулло Назаров, як мақоми баландпояи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, низоъҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистонро ба қавли вай “абарқудратҳо” барангехтаанд. Абдулло Назаров раиси раёсати ин кумита дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба баъзе аз ин абарқудратҳо оромӣ дар Осиёи Марказӣ хуш намеояд, вале ӯ аз ягон кишвар ном набурд. Абдулло Назаров афзуд:“Барои мавқеъашонро мустаҳкам кардан дар минтақа ҳамин корро дар ҳамонҷо карданд. Инҷо ягон каси дигар айбдор нест. Инҷо заъифии мақомоти ҳукумати Қирғизистон ҳам ҳаст, ки натавонистанд аз ин кор пешгирӣ кунанд. Дар ҷое, ки ҳукумат қавӣ нест, дар ҷое, ки мухолифи ҳукумат мардумро мехезонанд, дар ҷое, ки мақомоти махсус амнияти кишварро таъмин карда наметавонанд, ҳамин хел ноҷӯрӣ мешавад." Дар низоъҳои қавмии қирғизу ӯзбакҳо дар ҷануби Қирғизистон дар моҳи июн дасти кам 250 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG