Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виктор Иванов ба Душанбе сафар мекунад


Бино ба гузоришҳо, фардо Эмомалӣ Раҳмон, бо Виктор Иванов, раиси Хадамоти федеролии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Русия мулоқот хоҳад кард. Бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, масоили ҳамкорӣ дар арсаи муқобила бо қочоқи маводи мухаддири афғонӣ баррасӣ мешавад. Виктор Иванов, чанде пеш гуфт, баъди хуруҷи нерӯҳои марзбонии Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон, қочоқи маводи мухаддири афғонӣ зиёд шудааст ва аз ин рӯ беҳтар аст, то марзбонони рус ба онҷо баргарданд.
XS
SM
MD
LG