Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нерӯҳои Покистон ба паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ҳавопаймоҳои ҷангӣ бо ҳамла ба паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён дар шимолуғарби ин кишвар, дасти кам 15 тани онҳоро куштанд. Ҳамла дар минтақаи Маъмунзай дар ноҳияи қабоилнишини Оракзай сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, дасти кам шаш паноҳгоҳи ҷангҷӯён маҳв карда шудааст. Артиши Покистон моҳҳо боз ноҳияи Оракзайро бомбор мекарданд, зеро ба эътиқоди онҳо ҷангҷӯёни фирорӣ аз амалиёти пештара дар ҳамин маҳал пинҳон шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ноҳияи мазкур аз ҳузури тундравон пок шудааст, аммо хушунатҳои пароканда ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG