Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо танбеҳи молӣ пешниҳод кард


Кумиссиёни Аврупо имрӯз гуфт, 16 кишвари шомили ҳавзаи евро дар сурати риоят накардани меъёрҳои дефитсити буҷа ва ё мизони қарз, бояд аз дарёфти кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо маҳрум карда шаванд. Тақвияти меъёрҳои харҷи буҷаи давлатӣ аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо, ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори бӯҳронҳои молиест, Юнон таҷриба кардааст. Пешниҳоди мазкур бояд барои омӯзиш ба вазирони молияи Иттиҳодияи Аврупо дода шавад. Дигар ин ки имрӯз, Бонки Марказии Аврупо ба бонкҳои тиҷоратии ҳавзаи воҳиди ягонаи пули евро, 162 миллиард доллар қарзи семоҳа дод, ки назар ба тахминҳои пештара камтар аст. Ихтисоси қарзи камтар, маънии беҳтар будани вазъи молии бонкҳои Иттиҳодияи Аврупо доштааст.
XS
SM
MD
LG