Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев, низоъи Қирғизистонро хатарбор хонд


Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, низоъи Қирғизистон барои субот дар тамоми минтақа хатар эҷод кардааст. Нурсултон Назарбоев, зимни як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дар шаҳри Остона гуфт, низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо, "як чолиши бузург" барои минтақа ва "таҳдид барои тамоми кишварҳои узви ин созмон" будааст. Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин бора дар нишасти дурӯзаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди таҳаммулпазирӣ дар шаҳри Остона сухан гуфт.
XS
SM
MD
LG