Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангҷӯёни Толибро дар Афғонистон куштанд


Мақомоти Афғонистон ва НАТО мегӯянд, чанд тан аз ҷангҷӯёни Толибро баъди ҳамлаашон ба як пойгоҳи НАТО дар шарқи Афғонистон куштанд. Аҳмад Зиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, камаш як бомбгузор, мошини бомбгузоришудаи худро дар назди дарвозаи пойгоҳи наздики шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор воқеъ дар марзи Покистон мунфаҷир кардааст. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, дар маҳалли ҳодиса, ҳашт ҷанҷӯ кушта шудааст ва як сарбози афғон ва сарбози НАТО ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Дейвид Петреус, фармондеҳи олирутбаи Амрико, рӯзе пеш дар мавриди афзоиши хушунатҳо дар моҳҳои оянда дар Афғонистон ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG