Пайвандҳои дастрасӣ

Саъй барои камаҳамият кардани моҷарои ҷосусӣ


Русия ва Амрико талош доранд, то боздошти як ҳалқаи русии муттаҳам ба ҷосусӣ дар Амрикоро, камаҳамият нишон диҳанд. Матбуоти Русия бо такя ба як мақоми вазорати умури хориҷа навиштаанд, ки Русия интизор дорад, моҷарои ҷосусӣ муносиботи беҳбудёбандаи ду кишвар осеб намерасонад. Роберт Гибс, сухангӯи Кохи Сафед, низ рӯзи сешанбе ҳамингуна ибрози назар кард: "Ман бовар надорам, ки ин қазия ба муносиботи беҳбудёбандаи мо бо Русия осеб расонад. Мо тайи якуним соли гузашта дар масоили мавриди таваҷҷӯҳи дутараф, аз ҷумла паймони нави коҳиши силоҳҳои стротегӣ ва баррасии масъалаи Куриёи Шимолӣ ва Эрон дар Созмони Милал пешрафти бузурге кардем. Аз ин рӯ манф фикр намекунам, ки моҷарои ҷосусӣ ба ин муносибот осеб бирасонад." Хадамоти федероли пажӯҳиши Амрико ва ё Эф Би Ай, рӯзи душанбе эълом кард, ки 11 нафарро, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия дар Қибрис боздошт кардаст. Ба гуфтаи Эф Би Ай ин афрод, худро афроди оддӣ вонамуд карда мехостаанд, ба ҳалқаҳои сиёсатгузорони Амрико роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG