Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барканорӣ ва таъйини дубораи раиси Бонки Миллӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар асоси қонуни нави бонкӣ Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллӣ ва се муовини ӯро аз мақомашон барканор ва дубора ба мақомҳояшон таъйин кардааст. Порлумони Тоҷикистон фармонҳои раисиҷумҳур дар ин бораро тасвиб кард.

Шариф Раҳимзода аз соли 2008 -ум ба ин ҷониб вазифаи раиси Бонки Миллиро бар ӯҳда дорад.

Дар замони фаъолияти Шариф Раҳимзода, муҳосиботи молии Бонки Миллӣ дар гузашта, аз сӯи як ширкати аудитии бритониёӣ баррасӣ шуд. Ва натиҷаи ин аудит рӯшан кард, ки дар гузашта Бонки Миллӣ бо ироаи иттилооти ғайри воқеъӣ 47 миллион доллари Сандуқи байналмилали пулро ба даст овардааст. Ин маблағ барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ бояд масраф мешуд. Вале Бокни Миллӣ ин пулро дар ихтиёри ширкатҳои фючерӣ қарор дод ва ширкатҳои фючерӣ дар навбати худ ин пулро бо қарзаи зиёд ба кишоварзон ироа карданд.

Пас аз аудити аввалини Бонки Миллӣ Шариф Раҳимзода бар асоси дастури созмонҳои байналмилалӣ дар қонуни бонкӣ тағйирот пешниҳод кард ва аз сӯи порлумон пазируфта шуд. Ва дар ҳоли ҳозир Бонки Миллӣ ҳамасола аз сӯи ширкатҳои аудитӣ санҷиш мешавад.
Ҷаласаи имрӯзи порлумон

Иҷлосияи имрӯзи полумон охирин ҷаласаи вакилон қабл аз таътили тобистонаи Маҷлиси намояндагон буд ва дар ин иҷлос ҳамчунин раиси порлумон дар мавриди фаъолияти чормоҳаи порлумон ҳисобот дод.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки барои дастрасии мардум ба фаъолияти порлумон ҳамкориро бо расонаҳои хабарӣ тақвият хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо аз фаъолияти порлумони гузашта ва феълӣ интиқод доштанд ва мегуфтанд, ки намояндагони мардумӣ бо ҳар баҳона аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон сарпечӣ мекунанд.

Ҷумъабой Сангинов, раиси ҷиноҳи ҲХДТ дар порлумон дар сӯҳбат бо хабарнигорон мавридҳои худдории намояндагони мардумӣ аз сӯҳбат бо хабарнигоронро тайид кард ва гуфт, ки аз ин ба баъд намояндагони маҷлис бо хабарнигорон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд
XS
SM
MD
LG