Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи ҷосусӣ ба равобити сиёсӣ таъсир нахоҳад дошт


Маҳалли иқомати бархе аз боздоштшудагон

Маҳалли иқомати бархе аз боздоштшудагон

Амрико гуфтааст, боздошти 11 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия, ба талошҳои дуҷонибаи Вошингтону Маскав дар барои беҳбуди робитаҳояшон таъсире нахоҳад дошт.

Роберт Гибс, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, боздоштҳо кори хадамоти интизомист ва ин хадамот мутобиқи қойдаҳо амал кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Филип Гордон, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури аврупо ва Авросиё иброз дошт, ки талоши ИМА барои беҳбуди равобит бо Маскав аз “боқимондаҳои” ҷосусии ҷанги сард осеб нахоҳад дид.

Қаблан Кремлин гуфта буд, ки ба ном халқаи ҷосусӣ аз шаҳрвандони Русия иборат буда, ягон фаъолияти зарароваре барои манфиатҳои Амрико анҷом намедод.

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз мақомоти Амрико даъват намуд, дастрасии кормандони консулгарии Русияи ва вакилони дифоъро ба боздоштшудагон тазмин диҳанд.

Вазорат инчунин хостааст, то ИМА “фаҳмиши шосита” намоиш дода, наҳваи мусбати муносибатҳои кунунии Амрико ва Русияиро ба инобат бигирад.

Умедвории Путин

Владимир Путин, нахуствазири Русия зимни мулоқоташ бо Бил Клинтон раисиҷумҳури собиқи Амрико мавқеъи ҳамсонро изҳор кард.

Ӯ гуфт: “Ман мебинам, ки полиси шумо бисёр фаъол шудааст ва баъзе ашхосро боздошт мекунад. Аммо ман мефаҳмам, ки ин кори онҳост. Ман умедворам, ба он раванди мусбате, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи мо вақтҳои охир мушоҳида мешавад, аз ин ҳодисаҳо осебе нахоҳад расид”.

Рузи душанбе ИМА эълом намуд, ки 10 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Русия боздошт намудааст. Ин ашхос дар тӯли қариб даҳ сол бо ҷамъоварии иттилои сиррӣ машғул буданд.

Полиси Кипр хабар дод, ки дар робита ба халқаи эҳтимолии ҷосусии Русия нафареро дар фурудгоҳи шаҳри Ларнака боздошт кард. Ин нафар мехост ба пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт парвоз кунад.

Боздошт ва раҳоии як гумонбари дигар

Микалис Катсонотос, сухангӯи пулиси Кипр дар ин бора гуфт: “Тибқи сандҳое, ки мо аз Интерпол дарёфт намудем, мақомоти Амрико ин шахсро барои ду ҷиноят ҷустуҷу мекунад, яке тарҳрезии ҷосусӣ ба нафъи кишвари бегона ва тарҳрезии шустушуи пул”.

Катсонотос афзуд, гумонбаршударо то тасмими ниҳоии додгоҳ дар бораи истирдодаш ба Амрико озод карданд.

Ӯ гӯфт: “Ин марди 54 сола боздошт ва ба додгоҳи Ларнака оварда шуд. Қозии додгоҳ амр содир намуд, ки ин шахс зери шартҳои муайян бар ивази гаравпулӣ баробар ба 26 500 евро озод карда шавад. Ӯ ҳамаи раводидҳои сафар ва шиносномаҳояшро таслим кард”.

Ин дар ҳолест, ки Британия ва Ирландия гуфтаанд, имкони истифодаи шиносномаҳои ирландӣ ва биританиявиро аз ҷониби аъзои халқаи ҷосусии эҳтимолии Русия таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG