Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: ҳашт даста – дар 1/4 финал


Ҳашт дастаи миллӣ - Уругвай, Гана, Олмон, Аргентина, Ҳолланд, Бразил, Парагвай ва Испониё ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳашт дастаи миллӣ аз ширкат дар чаҳорякфиналӣ маҳум шуданд.

Аз ҷумла тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Инглистон, Мексика, Словакия, Чили, Ҷопон ва Португол аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Натоиҷи бозиҳои 1/8 ниҳоӣ чунин аст:

26-уми июн. Порт-Элизабет. Варзишгоҳи “Нелсон Мандела Бей”. Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ - 2:1 (1:0). Голҳо: Л. Суарес, дақиқаҳои 8-ум ва 80-ум – Уругвай, Ли Чун Юн, дақиқаи 68-ум - Кореяи Ҷанубӣ.

26-уми июн. Рюстенбург. Варзишгоҳи “Роял Бафогенг”. ИМА - Гана - 1:2 (0:1, 1:1, 1:2). Голҳо: К. Боатенг, дақиқаи 5-ум, А. Гаян, дақиқаи 93-юм - Гана, Л. Донован, дақиқаи 62-юм, пенолти -ИМА.

27-уми июн. Блумфонтейн. Варзишгоҳи “Фри Стейт”. Олмон - Инглистон - 4:1 (2:0). Голҳо: М. Клозе, дақиқаи 20-ум, Л. Подолски, дақиқаи 32-юм, Т. Мюллер, дақиқаҳои 68-ум ва 70-ум – Олмон, М. Апсон, дақиқаи 37-ум - Инглистон.

27-уми июн. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Соккер Сити”. Аргентина - Мексика - 3:1 (2:0). Голҳо: К. Товес, дақиқаҳои 26-ум ва 52-юм, Г. Игуаин, дақиқаи 33-юм - Аргентина, Х. Эрнандес, дақиқаи 71-ум -Мексика.

28-уми июн. Дурбан. Варзишгоҳи “Морес Мабида”. Ҳолланд - Словакия - 2:1 (1:0). Голҳо: А. Роббен, дақиқаи 18-ум, У. Снейдер, дақиқаи 84-ум - Ҳолланд, Р. Виттек, дақиқаи 90-ум, пенолти – Словакия.

28-уми июн. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Эллис Парк”. Бразил - Чили - 3:0 (2:0). Голҳо: Б. Жуан, дақиқаи 34-ум, Л. Фабиану, дақиқаи 38-ум, С. Робинйо, дақиқаи 59-ум – Бразил.

29-уми июн. Претория. Варзишгоҳи “Лотус Версфелд”. Парагвай - Ҷопон - 5:3 (0:0, 0:0, аз рӯи пенолти – 5:3).

29-уми июн. Кейптаун. Варзишгоҳи “Грин Пойнт”. Испониё - Португол - 1:0 (0:0). Гол: Д. Виля, дақиқаи 63-юм.

Ба ин тартиб дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ рӯзи 2-юми июл Ҳолланд – Бразил (соати 19 бо вақти Душанбе) ва Уругвай – Гана (соати 23.30), 3-юми июл Аргентина - Олмон (соати 19.00) ва Парагвай – Испониё (соати 23.30) рақобат хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи ғолиб рӯзҳои 6-уму 7-уми июл дар даври ниманиҳоӣ ширкат меварзад. Бозӣ барои ҷои 3-юм 10-уми июл барпо мегардад.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG