Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: Бархе аз боздоштшудагон шаҳрванди Русия мебошанд


Вазорати умури хориҷии Русия эътироф кард, ки бархе аз онҳое, ки бо гумони ҷосусӣ дар Амрико боздошт шудаанд, шаҳрвандони Русия мебошанд, вале пойфишорӣ дорад, ки онҳо ҳеҷ коре накардаанд, ки ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида зарар расонда бошад. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида бояд бо назардошти хосияти мусбати равобити дуҷониба дар марҳилаи феълӣ дар ин ҳодиса тафоҳум нишон диҳад. Ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Филип Гордон пештар гуфт, Амрико ба беҳбуди равобит бо Максав талош хоҳад кард ва мероси давраи Ҷанги сард ба ин талошҳо асар нахоҳад кард. Тафсилоти бештар дар идомаи барномаи мо.
XS
SM
MD
LG