Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯафтии бозори бурс бар асари нигарониҳои нав


Бо изтироб аз вазъи бонкҳои Аврупо ва вазъи иқтисодиёти ҷаҳон бозорҳои ҷаҳонии саҳмияҳо поён афтоданд. Ба дунболи фурӯафтӣ дар Аврупо ва Осиёи Марқӣ шохиси миёнаи Доу Ҷонс дар Волл Стрит то сатҳи 2,65 дарсад фуруд омад. Сармоягузорон нигаронанд, ки бонкҳои аврупоӣ бино бар ӯҳдадории пардохти вомҳо дар ин ҳафта ба мушкили пули нақдина рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳамчунин далелҳое ба коҳиш дар иқтисоди Чин ва Иёлоти Муттаҳида сабаби нигаронӣ ва пасрафти нишондиҳандаҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG