Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Freedom House, ки равандҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи маданиро дар кишварҳои ҷаҳон пажӯҳиш мекунад, мегӯяд, Тоҷикистон дар бархе аз риштаҳо ба коҳиши мардумсолорӣ рӯбарӯ шуда, дар бархеи дигар, пешрафт кардааст.

Чунончӣ, дар гузориши тозаи Созмони Freedom House ё Хонаи озодӣ гуфта мешавад Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи маданӣ баҳои манфӣ гирифтааст ва пешрафти он дар таъмини озодии матбуот мӯҷиби ситоиш гаштааст. Аммо нигоҳе кунем ба вазъи ҳар яке аз риштаҳои мардумсолорӣ дар кишвар:

САБКИ МУДИРИЯТ. Созмони Freedom House мегӯяд, Президент Эмомалӣ Раҳмон аз назорат ба ҳар се шохаи қудрат дар кишвар бархӯрдор аст. Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ҳам аз лиҳози нархи арзиз (алюмин) ва пахта ва ҳам аз лиҳози коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон ба кишвар ба вазъи иҷтимоӣ таъсири манфӣ доштааст. Қонуни нави забон, ки ахиран ба тасвиб расид, забони тоҷикиро дар ивази русӣ ба мақоми забони муоширати байни фарҳангҳо баровард. Бо ҳадафи мубориза ба таҳдидҳои воқеӣ ва пиндорӣ ба субот ҳукумат чандсад нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои тундрави исломӣ (Ҳизби Таҳрир, Ҳаракати Исломии Узбакистон, Салафия ва Ҷамоаи Таблиғ) боздошт кард, ки муҳокимаи онҳо дар додгоҳ ва ҳукми ҳабси дарозмуддати онҳо ғайримунсифона дониста мешавад.

ИНТИХОБОТ.
Дар тафовут бо равандҳои соли 2009 ҳукумат дар баробари мухолифони қонунияш дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тадбирҳои сангин истифода накард. Вале бо вуҷуди он ки раисиҷумҳур ба интихоботи озод ва одилона кафолат дода буд, дастгоҳи ӯ ва порлумони кишвар ҳарчанд фурсат ва захираҳои фаннии кофӣ доштанд, аз ислоҳи қонуни интихобот, ки аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо тавсия доданд, сарпечӣ карданд. Ин ҳол ба фазои умумии интихобот таъсир дошт ва пешрафте дар баргузории интихоботи озоду одилона дар кишвар ба даст наомад.

ҶОМЕАИ МАДАНӢ. Ҳамзамон бо монеаҳои сабтином Қонуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро ба таври ҷиддӣ маҳлдуд накард. Аммо қонуни нави дин, ки дар соли 2009 қабул шуд, вазъи мусулмонон ва гурӯҳҳои хурди диниро бад кард. Дар соли 2009 ҳукумат ҷунбиши Салафия ва Ҷамоаи Таблиғро расман манъ кард. Ҳамчунин фаъолияти Шоҳидони Яҳво ва чанд созмони ғайридавлатии марбут ба дини масеҳӣ манъ шуд. Ин ҳолат ба коҳиши баҳои Тоҷикистон дар риштаи ҷомеаи маданӣ сабаб гашт.

МАТБУОТИ ОЗОД.
Ба навиштаи cозмони Freedom House, пулакӣ шудани маълумот ва изҳороти раисиҷумҳур дар бораи ҷанги интернетӣ бо кишвари ӯ аз хабарҳои нохуш буданд. Хабари хуш ин буд, ки ҳукумат дар ин муддат ягон нашрияро набаст ва ба фаъолияти расонаҳои нав иҷоза дод. Бо вуҷуди он ки озодии баён ва матбуот маҳдудиятҳои муайян доранд, шумораи матолиби танқидӣ ва таҳлилии журналистони маҳаллӣ назар ба ҳар давраи гузашта бештар ва ҳамлаи мақомот барои ин камтар буд. Илова ба ин дар ин давра кодекси ахлоқии журналист пазируфта ва Шӯрои матбуоти Тоҷикистон таъсис ёфт. Вазъи умумӣ ба кишвар баҳои мусбат овард.

МУДИРИЯТИ МАҲАЛЛӢ. Фақр, мудирияти бад, фасод ва вобастагӣ ба бозигарони беруна нагузоштаанд, ки мақомот ба мардум хидмати нек бирасонанд. Раҳбарони вилоят ва ноҳияҳо аз тарафи раисиҷумҳур таъин мешавад ва тасмимгирӣ дар бораи онҳо дар сатҳи маҳаллӣ аҳёнан бо усули мардумсолорӣ мутобиқат мекунад. Аммо қонуни соли 2009 раисони ҷамоаҳоро интихобӣ кард ва дар сурати иҷрои муносиб он метавонад ба ғайримарказӣ шудани қудрат мусоидат кунад. Яке аз масъалаҳои асосӣ, ки аҳолии деҳоти Тоҷикистон, яъне аз чаҳор се ҳиссаи кулли аҳолии кишвар, рӯбарӯст, ноҳаққӣ ва фасод дар ислоҳоти замин аст. Созмони Freedom House мегӯяд, бо вуҷуди таблиғҳои давлат, ки пахтаро сарвати стратегӣ меномад, деҳқонон қашшоқтарин қишри аҳолиянд ва дар даҳ соли гузашта фақат сармоя гум кардаанд. Нуктаи мусбат ин ҷо коҳиши кишти пахта аст, аммо баҳои куллӣ тағйир накардааст.

ШОХАИ АДЛИЯ. Фасод, бино ба дарёфти созмони Freedom House, дар низоми адлияи Тоҷикистон фарогир буда, шаклҳои ришва, ғоратгарӣ ва нуфузи сиёсиро касб кардааст. Аммо қабули қонуни нави кайфарӣ ва таъини аввалин Ваколатдори ҳуқуқи инсон таҳаввули мусбат шумурда мешаванд. Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масъалаи хушунатҳои алайҳи зан ба кишвар тавсия додааст, ки шӯрои махсуси масъалаҳои талоқ, алимент ва моликият таъсис ёфта, қонуни дифоъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ ба тасвиб расад. Ҳарчанд қонуни афви умумӣ ба озодии 3 500 маҳкумшуда сабаб гардид, ҳукумат ҳамоно ба Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх имкони боздид аз маҳбасҳоро намедиҳад. Дар натиҷа пешрафте дар ин ришта дар Тоҷикистон ба даст наомадааст.

ФАСОД. Дар паҳлуи таъсири манфияш ба ҳаёти рузмарраи тоҷикон, фасод ба экспорти ду маҳсулоти асосии Тоҷикистон -- пахта ва арзиз (алюмин) низ сироят кардааст. Freedom House менависад, ҷузъиёти додгоҳи Талко дар Лондон ифшо кард, ки аксари тиҷорати алюмини Тоҷикистон ба воситаи CDH -- як ширкати нофаҳмо, ки дар Ҷазираҳои Вирҷини Бритониё сабт шудааст, анҷом мегирад. Аудити Бонки Миллии Тоҷикистон нодурустиҳоеро дар робита ба қарзҳо барои парвариши пахта ба воситаи Кредит-Инвест ва 220 миллион доллари ҳисобношударо фош кард. Тоҷикистон ҳамчунин гузаргоҳи қочоқии 15-30 дарсади афюн ва ҳероини Афғонистон аст. Ҳарчанд ягон мақоми баландпоя бо иттиҳоми фасод боздошт нашудааст, парвандаҳои марбут ба фасод дар додгоҳ ва додситониҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааанд. Ҳукумат ҳамчунин бо мақсади ёрӣ ба соҳибкорӣ ба ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ даст зад ва ин сабаб шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар қатори 10 ислоҳталаби сол номбар кунад. Аммо аз он ҷо ки талошҳои зиддикоррупсионии ҳукумати Тоҷикистон самараи муҳиме надодаанд, ҷойгоҳи он дар ин ришта бетағйир боқӣ мондааст.

ДУРНАМОИ СОЛИ 2010. Агар фазо барои кори муҳоҷирон дар Русия беҳбуд ёбад, Тоҷикистон риштаи даромадашро эҳё хоҳад кард. Дар он сурат наздик ба 1,5 миллион коргари тоҷик дар Русия ва Қазоқистон ба кишвар 2 то 3 миллиард доллар ворид хоҳанд кард. Вале такия ба пули муҳоҷирон наметавонад стратегияи пойдор ва дарозмуддати эътидол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон бошад. Бо назардошти он ки ҳукумат ба ислоҳи қонуни интихобот иродаи сиёсӣ надорад ва аҳолиро як навъ бетафовутии умумӣ фаро гирифтааст ва Ғарб ҳам барои таҳкими равандҳои мардумсолорӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон талоши ҷиддӣ нишон намедиҳад, дар гумон аст, ки кишвар дар соли 2010 ба ягон таҳаввули демократӣ ноил гардад.

ҲАҚТАЛОШИИ АҲОЛӢ. Созмони Freedom House дар поёни гузориши худ ба чунин натиҷа мерасад, ки ба иллати қаноатмандии аксарияти аҳолӣ аз шеваи раҳбарии президент Раҳмон, таҷрибаи норасои ташкилоти сиёсии мардум, зери ғами дарёфти ризқу рӯзӣ қарор доштани одамон, дастнорасии онҳо ба маълумоти ҳақиқӣ, ҳуққабозии ҳукумат бо эҳсосоти миллӣ ва қавмии мардум ва ниҳоят, хотираҳои талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990, ки ба шакли синдром даромадаанд, талаби аҳолӣ ба тағйири вазъи мавҷуда дар соли 2010 дар сатҳи ночиз боқӣ хоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG