Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх хостори дидани боздоштшудагони Қирғизистон аст


Раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх мегӯяд, аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ба боздид аз боздоштшудагони хушунатҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон иҷоза диҳад. Якоб Келленбергер гуфт, вай ин дархостро дар ҷараёни мулоқот бо президенти муваққати Қирғизистон, Роза Отунбоева, дар Бишкек ба миён гузошт. Дар ин байн Дафтари ҳамоҳангии умури башарии Созмони Милал огоҳ кардааст, ки мардуми беҷошудаи ҷануби Қирғизистон шадидан ба дорувор ниёз доранд. Созмони Милал шумораи беҷошудагонро 375 ҳазор нафар медонад.
XS
SM
MD
LG