Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ омодаи гуфтушунид бо Русия аст


Раисиҷумҳури Гурҷистон, Михеил Саакашвилӣ гуфт, кишвараш ба гуфтушуниди бидуни қайду шарт бо Русия "комилан омодааст". Маскав ва Тифлис баъд аз ҷанги кӯтоҳи августи соли 2008 ҳеҷ гуна равобити дипломатӣ надоранд. Бар асари ҷанг Русия ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро ҳамчун давлатҳои мустақил ба расмият шинохт. Саакашвилӣ дар паёми телевизионияш гуфт, эҳёи равобит бояд ба бозгашти фирориён ба ин ду минтақа мусоидат кунад. Маскав борҳо гуфтааст, ҳеҷ гуна имкони гуфтушунид бо Саакашвилиро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG