Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Freedom House аз коҳиши демократия дар ҷаҳон


Созмони байналмилалии Freedom House ва ё Хонаи Озодӣ, ки қароргоҳаш дар ИМА мебошад, дар гузориши ахираш навиштааст, ки даҳ соли гузашта барои ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ "даҳаи танззули ниҳодҳои демократӣ" буд. Freedom House, ки равандҳои демократӣ дар 29 кишвари собиқ коммунистиро мавриди муроқибат қарор додааст, таъкид мекунад, ки аз 220 миллион аҳолии мамолики собиқ Шӯравӣ тахминан 80 дар садашон зери фишори ҳукуматҳои худкома ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG