Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико қазияи ҷосусони Русияро ночиз мешуморад


Кохи Сафед мегӯяд, боздошти 11 нафар бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Русия ба талошҳои Вашингтон дар беҳбуди равобит бо Русия таъсир нахоҳад дошт. Ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Филип Гордон гуфт, Амрико ба беҳбуди равобит бо Максав талош хоҳад кард ва бозмондаҳои давраи Ҷанги сард ба ин талошҳо асаре намекунад. Сарвазири Русия, Владимир Путин гуфтааст, низ умедвор аст, ки ин рӯйдод ба муносибатҳои байни ду кишвар халал ворид нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG