Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус хостори амалиёти таҳоҷумӣ дар Афғонистон аст


Имрӯз генерал Дэвид Петреус-ба намояндагони сенати Амрико ҳушдор дод, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон "ҳассос" аст. Петреус, ки дар гузашта фармондеҳии нируҳои Амрикоро дар Ироқ бар дӯш дошт, таъкид кард, ки амалиёти таҳоҷумӣ дар Афғонистон нақши ҳалкунанда дорад:
"Мо ҳоло таваҷуҳамонро ба вилояти Қандаҳор бештар кардаем. Ин минтақа барои Толибон хеле муҳим аст".

Петреус ҳамчунин гуфт, ки вай қонунҳои сафарбарии низомиёнро низ бознигарӣ мекунад, зеро шикоятҳо дар бораи куштори ғайринизомиён дар амалиёт вуҷуд дорад. Вай ҳамчунин ҳимояти худро аз нақшаҳои Барак Обама дар бораи оғози хуруҷи нируҳои Амрико аз Афғонистон дар соли 2011 иброз дошт.
XS
SM
MD
LG