Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корманди афғонтабори СММ дар Кобул кушта шуд


Имрӯз як корманди афғонтабори СММ дар тирандозӣ ба сӯи мошини СММ дар назди сафоратхонаи Амрико дар Кобул кушта шуд. СММ мегӯяд, шароити тирандозӣ рӯшан нашудааст, вале расидагӣ ба ҳодиса идома дорад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҳангоми задухӯрди пулис бо тазоҳуркунандагон дар шимоли Кобул 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар миёни онҳо кормандони пулис низ будаанд. Тазоҳурот баъд аз амалиёти ҷустуҷӯи шабонаи сарбозон дар як мактаби мазҳабӣ оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG