Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони "Истеъдодҳои ҷавон" дар Русия ташкил шуд


Ҳукумати Русия аз сабти номи созмони "Истеъдодҳои ҷавон"-и Русия хабар дод. Василий Якеменко-раиси Созмони Ҷавонони Русия гуфтааст, барои узвият номи 25 000 нафар сабт мешавад. Якеменко нагуфт, ки дар феҳрист номи чӣ касоне омадааст, вале изҳор дошт, ки дар он номи ғолибони мусобиқоти байналмиллалии варзишӣ ва соҳибкорони ҷавоне, ки соли гузашта молиёти зиёд пардохт кардаанд, хоҳад омад. Вай афзуд, номи рӯзноманигороне низ дар ин феҳрист сабт хоҳад шуд, ки болгҳои машҳур доранд. Якеменко муассиси созмони ҷавонони ҷонибдори Кохи Кремл бо номи "Наши" аст ва онро аз солҳои 2006-2007 сарпарастӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG