Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости лағви ваколати вакил


Додситонии вилояти Хатлон аз маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дархост кардааст, то ваколати вакилии Лашкарӣ Мирзоев, як тан узви ин маҷлис ва соҳибкори маъруфро лағв кунанд.

Муҳибулло Шарипов, муовини додситонии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, Лашкарӣ Мирзоев, сардори корхонаи «Пахта»-и Кӯлоб дар насупурдани андоз дар ҳаҷми калон гумонбар дониста мешавад.

Баҳси андози носупурда

Инчунин, ба қавли манобеи додситонӣ, се маротиба додгоҳи иқтисодии кишвар ба шикояти нозироти андози минтақа расидагӣ карда, барои баргардонидани қарзи андоз ҳалнома баровардаааст. Аммо Муҳибулло Шарипов мегӯяд, бо ин вуҷуд сардори корхонаи «Пахта»-и Кӯлоб ин ҳалномаро эътибор надода, ҳанӯз ҳам аз сӯхбат бо иҷрочиёни суд ва супурдани андоз сарпечӣ мекунад.

Аммо Лашкари Мирзоев, сардори ин корхона, дар сӯҳбат ин иттиҳомотро рад намуда гуфт, қарзҳое, ки бо он ӯро муттаҳам мекунанд, аксаран аз соҳиби қаблии корхона аст, ки бояд барои насупурдан ӯ посух гӯяд.

Таи ду соли ахир барои чаҳорумин бор аст, ки додситонии вилоят хостори лағви ваколати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ мегардад. Ду сол қабл танҳо дар ноҳияи Фархор ва Мӯъминобод пас аз моҳҳои тӯлонии баррасӣ вакилон розӣ шуданд, иҷозаи боздошт ва бекор кардани ваколати вакилонро бидиҳанд.

Аммо Саъдулло Раҳимов, вакил аз маҷлиси вакилони халқи Мӯъминобод, ки дар куштори як сокини ин ноҳия гумонбар дониста мешуд, пас аз маҳкум шудан соли гузашта дар зиндон аз дунё даргузашт.

Масъулини бахши додситонии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ҳамеша дар бекор кардани ваколати вакилоне, ки дар ҷинояте гумонбар дониста мешаванд, мушкил доранд.

Вакилӣ - василаи раҳоӣ аз масъулият ва ҷавобгарӣ?

Дар ҳамин ҳол, Рустам Наботов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, маҳз омили дастнорас будани вакилон бархе аз мансабдорони сарватмандро водор ба он мекунад, ки баҳри вакили маҷлисони шаҳру навоҳӣ ё вилоят шудан талош кунанд. Вай мегӯяд, «ҳамин омил аст, ки аксари онҳо дар интихобот барои пирӯз шудан ба ҳама роҳ даст мезананд. Барои таблиғу тарғиби худ пули зиёд сарф мекунад. Фақат ба як хотир, яъне давоми 5 сол аз назорату тафтишу боздошт дур бошанд».

Орзу Ҳамидов, номзади ҷавон дар интихоботи парлумони 28-уми феврали соли ҷорӣ мегӯяд, шахсан худи ӯ ба хотири ҳимояи манфиатҳои ҷавонон талоши вакил шудан дошт. Аммо рақибаш Ҳабибулло Раҳимов, сардори ширкати сохтмонии «Ҳабиб», бародари вакили дар маҳбас ҳалокшуда Саъдулло Раҳимов, дар фаъолияташ нуқси зиёд дорад ва шояд ба хотири аз ҷавобгарӣ эмин мондан чаҳор маротиба, яъне беш аз 15 сол боз бо ҳама роҳ барои вакил шудан ба маҷлиси маҳаллӣ талош мекунад.

Ӯ мегӯяд, «мо далелҳои зиёд дорем, ки ӯ бо ҳама нақзи қонун вакил шуд. Мантиқан, низ агар нигоҳ кунем, як марде, ки синаш аз 73 болост, чаро талош мекунад вакил шавад ва давоми вакилиаш кореро наметавонад, анҷом диҳад? Дар ҳоле, ки дар маҷлисҳои маҳаллӣ ба ҷуз дастнорас будан дигар ҳеҷ имтиёзе барои вакилон вуҷуд надорад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимовро сардори комиссияи тафтишоти қазияи Лашкарӣ Мирзоев интихоб кардаанд.

Лашкарӣ Мирзоев аз маъруфтарин соҳибкор дар ҷануби Тоҷикистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG