Пайвандҳои дастрасӣ

Либерман: То соли 2012 давлати Фаластин ташкил намешавад


Авигдор Либерман-вазири корҳои хориҷаи Исроил гуфт, ки дар давоми ду соли оянда давлати мустақили Фаластин ташкил нахоҳад шуд. Изҳороти Либерман навъе посух ба даъвати ҷаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна- Русияву Амрико ва Иттиҳодияи Аврупову СММ аст, ки гуфта буданд, бояд то соли 2012 дар ин бора созишнома ба имзо расад. Имрӯз Либерман зимни мулоқот бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар Исроил дар бораи душвориҳои музокира бо Фаластин бо миёнҷигарии Амрико ва дар бораи ихтилофи назар миёни худи фаластиниҳо сӯҳбат кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG