Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ ва Shell-и голландӣ қарордод имзо карданд


Имрӯз Ироқ як қарордоди чандмиллиард доллариро бо PLC- ширкати салтанатии Голландия имзо кард. Ин қарордод имкон медиҳад, ки ширкати мазкур дар се ҷоҳи нафти Ироқ дар ҷануб ба истихроҷи газ машғул шавад. Ин қарордод ба тасвиби ниҳоӣ ниёз дорад, вале ҳукумат имрӯз дар эъломияи худ аз қабули ин қарордод хабар додааст. Тибқи ин қарордод, саҳимяи Ироқ 51 дарсад, саҳмияи ширкати Shell-и голландӣ 44 дарсад ва саҳмияи ширкати Mitsubishi-и Ҷопон 5 дарсад хоҳад буд. Ироқ тақрибан 112 триллион метри мукааб гази табиӣ дорад.
XS
SM
MD
LG