Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони варзишҳои майдонии Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук ё варзишҳои майдонӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, бо пирӯзии варзишгарони пойтахти кишвар ба анҷом расид.

Ғайрат Неъматов, довари ин мусобиқот, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 200 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доштанд. Оқои Неъматов афзуд, душанбегиҳо, аз ҷумла, 25 медали тилло ба даст оварданд. Дар панҷ навъи рақобатҳо варзишгарони вилояти Суғд ғолиб шуданд. Намояндагони вилояти Хатлон дар чор намуд ҷойҳои аввалро азони худ карданд. Варзишгарони шаҳри Турсунзода се медали тилло ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як медали тилло гирифт.

Варзишгарони Душанбе Абдумалик Турсунов, Азизбек Гулов, Фарҳод Қуралов, Азим Тиллоев, Аҷмал Амиров, намояндаи шаҳри Турсунзода Суннатулло Ҳақназаров ва узви дастаи вилояти Хатлон Хисрави Иқболшо дар сабқати мардон дар давидан ба масофаҳои гуногун соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Душанбегиҳо Алишер Эшбеков дар гурзандозӣ, Ҳусниддин Алиев дар партови диск ва партови вазна, Зоир Яҳёев дар найзаандозӣ, Исмоил Муродов дар ҷаҳиши секарата, узви дастаи вилояти Суғд Азиз Абдусамадов дар ҷаҳидан ба дарозӣ, Лоиқ Холиқназаров, аз Бадахшон дар ҷаҳидан ба баландӣ байни мардон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар сабқати занон душанбегиҳо Владислава Овчаренко, Наргис Неъматуллоева, Нилуфар Мирзоева ва Муниса Раҳимова, намояндаи вилояти Суғд Умеда Ҷӯраева, узви дастаи шаҳри Турсунзода Навбаҳор Бӯриева, Таҳмина Шайманова, аз вилояти Хатлон дар давидан ба масофаҳои мухталиф ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Намояндагони пойтахти кишвар Галина Митяева дар гурзандозӣ ва партови вазна, Шаҳноз Зиёева дар ҷаҳиши секарата, аъзои дастаи вилояти Суғд Мафтуна Муслимбоева дар ҷаҳидан ба дарозӣ, Елена Одинсова дар партови диск, Гулнора Ҳоҷиназарова дар найзаандозӣ ва Ганҷина Муродова, аз вилояти Хатлон дар ҷаҳиш ба баландӣ ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дастаи Душанбе-1 дар эстафетаи 4х100 м ва 4х400 м ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон ғолиб шуд.
XS
SM
MD
LG