Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи мушакӣ дар Покистон 4 тундрав кушта шуд


Мақомоти амниятии Покистон гуфтаанд, ки як ҳавопаймои бесарнишин дар минтақаи қабиланишини Покистон ба сӯи урдугоҳи тундравҳои исломӣ мушак партоб кардааст. Дар натиҷаи оташи мушак дастикам 4 нафар кушта шудааст. Ин урдугоҳ ё хона дар шаҳраки Вано дар минтақаи Вазиристони Шимолӣ ҷойгир аст. Бино ба хабарҳо, ин хона ситоди афроди муттааллиқ ба шабакаи Ал Қоида дар ин минтақа будааст.
XS
SM
MD
LG