Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ва Тайван қарордоди таърихӣ имзо карданд


Чин ва Тайван як қарордоди тиҷоратӣ имзо карданд, ки муҳимтарин тавофуқоти иқтисодӣ аз замони ҷудоии ин ду кишвар дар ҷанги шаҳрвандии 60 соли пеш мебошад. Бо имзои ин қарордоди тиҷоратӣ таарруфаи содиротӣ барои 800 навъи коло аз миён бардошта мешавад. Ҷараёни имзои ин қарордодро имрӯз телевизиони Чин ба таври мустақим пахш кард. Ин қарордод барои Тайван муҳимтар ба назар мерасад, зеро он заминаро барои дастрасии ширкатҳо ва тоҷирони Тайван ба бозорҳои бузурги Чин фароҳам меорад. Аммо мунаққидони ин қарордод мегӯянд, ки Чин аз ин имкон барои ҳадафҳои баландмуддати худ истифода хоҳад кард, то Тайванро бо Чин муттаҳид созад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG