Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Иддаои боздошти ҷосусон бозгашт ба ҷанги сард аст


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, боздошти 10 нафар дар Амрико, ки гуфта мешавад ҷосусони Русия мебошанд, бозгашти ин ду кишвар ба давраи ҷанги сард аст. Вазорати хориҷаи Русия дар як эъломия имрӯз гуфт, ки ин иддао бепояву асос аст ва "ҳадафҳои беарзиш"-ро дунбол мекунад. Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Исроил бо нешханд гуфт, барои боздошт вақти ҳассосро интихоб кардаанд:

"Онҳо ба мо тавзеҳ надоданд, ки ин дар бораи чӣ аст. Ман умед дорам, ки онҳо чунин мекунанд. Танҳо чизе, ки ман гуфта метавонам, ин аст, ки онҳо барои ин кор вақти ҳассосро интихоб кардаанд".

Эф Би Ай ё Дафтари Федеролии Бозрасии Амрико рӯзи душанбе гуфт, 10 нафарро боздошт кардааст. Иддао мешавад , ки ин 10 нафар бештар аз як даҳсола ба нафъи Русия ҷосусӣ мекардаанд. Онҳо худро шаҳрванди маъмулӣ вонамуд кардаанд ва талош доштаанд, ки ба доираҳои сиёсатмадорони Амрико роҳ ёбанд, дар бораи аслиҳаи Амрико, стротегияи дипломатии он ва дар бораи равандҳои сиёсӣ маълумот ба даст оранд. Гумонбари ёздаҳум мардест, ки барои фиристодани пул ба агентҳо муттаҳам дониста ва ҳоло ҷустуҷӯ мешавад. Дафтари Федеролии Бозрасии Амрико мегӯяд, як паёми Хадамоти кашфи хориҷии Русияро ба ду нафар аз боздоштшудагон дастгир кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки вазифаи аслии аганетҳо "ҷустуҷӯи роҳҳо ва ҳарчӣ бештар ворид шудани онҳо ба доираҳои сиёсатсозони Амрикост".
XS
SM
MD
LG